Дар Душанбе Нишасти солонаи марказҳои Орхус доир мешавад

Июль 16, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баргузории Нишасти солонаи марказҳои Орхус, ки 17-18 октябри соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, 13 июл дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Департаменти иқтисодию экологии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар Нишасти солонаи марказҳои Орхус дар Душанбе баррасии се масъалаи асосӣ: нақши марказҳои Орхус дар ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қабули қарорҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мавзуи пешбурди усулҳои иқтисоди «сабз» ва масъалаи идоракунии партовҳои хатарнок бо иштироки намояндагони қариб 60 маркази Орхус аз 14 мамлакат дар назар аст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барномаи гузаронидани Нишасти солонаи марказҳои Орхус дар Душанбе рӯзҳои наздик аз ҷониби САҲА омода ва ба роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод мегардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид