Дар Душанбе Созишномаи молиявӣ оид ба «Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл» ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба «Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Роҳбари Намояндагӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис ба имзо расониданд.
Маблағи созишномаи болозикр 30 млн евроро ташкил намуда, пурра маблағҳои грантӣ мебошад.
Ҳадафи асосии Барномаи мазкур амалӣ намудани ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ ва буҷетикунонии барномавӣ, дастгирии низоми таҳсилоти техникӣ/касбӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро дар бар мегирад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






