Дар Душанбе вобаста ба иқтисоди «сабз» ҳамчун самти таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаккул ва рушди иқтисоди «сабз» ҳамчун яке аз самтҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид, ки зимни он омилҳои самаранокии иқтисоди «сабз» дар рушди иқтисоди миллӣ ва роҳҳои асосӣ барои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Иброз шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони амалӣ намудани рушди иқтисоди «сабз» ва энергияи «сабз»-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз давлатҳои пешсаф бошад. Маҳз бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои «сабз» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд, ки барои ба роҳ мондани барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди иқтисоди «сабз», аз ҷумла энергияи «сабз» бояд механизми маблағгузории фондҳои махсус васеъ ҷорӣ шавад. Ҳамчунин вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷалби маблағгузории «сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори мамлакат, хусусан лоиҳаҳои дорои аҳамияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тибқи нақша дар солҳои минбаъда партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳадди камтарин расонда мешавад. Дар ҳамин ҳол, ҳоло саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, дар ин раддабандӣ мамлакати мо дар мақоми 130-юм қарор дорад.
Ҳамзамон баён гардид, ки иқтисодиёти «сабз» ба маънои васеъ чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ маҳсуб мешавад, ки хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»-ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодаи таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод намудан мумкин аст.
Бояд ёдовар шуд, ки 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардида, ҳаҷми маблағгузории стратегияи мазкур 21,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Санади мазкур аз соли 2023 то 2037-ро дар бар мегирад. Ҳадафи рушди иқтисоди «сабз»- ин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






