Дар Душанбе вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур.
Дар ҷаласа иброз шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар вазорату идораҳо вазифаву уҳдадориҳои муайяне муқаррар гардидаанд. Вазорат ҷиҳати иҷрои якчанд ваколат, аз ҷумла таҳия ва татбиқи тадбирҳои барномавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, амалигардонии тавсияҳои методӣ оид ба расонидани кумаки аввалини тиббию равонӣ, инчунин расонидани кумак ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ масъул мебошад.
Барои ҳалли масъалаҳое, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор гардидаанд, корҳои зиёде ба анҷом расида, дар ин радиф ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии соҳавӣ низ таҳия ва ба тавсиб расонида шуданд.
Яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам хеле муҳим ва ҳалталаб боқӣ мондааст, ин такмил додани механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ислоҳи рафтори шахсоне, ки содиркунандаи зӯроварӣ дар оила мебошанд ва дар ин самт тақвият бахшидани фаъолияти он ташкилоту муассисаҳое, ки дар сохтори вазорат дар ин самт фаъолият мекунанд, ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дар доираи муқаррароти пешбининамудаи санадҳои мазкур зарурати дар назди вазорат таъсис додани гурӯҳи кории байниидоравӣ ба миён омадааст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






