Дар Душанбе воридот ва фурӯши маҳсулоти ширӣ — яхмос ба танзим дароварда мешавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади ба танзим даровардани воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ширӣ — яхмос бо иштироки роҳбарон ва намояндагони корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулот, ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он фаъолият доранд, дар мавзуи «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ — омили таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот» ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур.
Зимни ҳамоиш дар бораи баланд бардоштани сифати маҳсулоти ширӣ — яхмос ва мушкилоти муҳими соҳа бо соҳибкорон суҳбати ошкоро доир шуда, оид ба риояи талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, меъёри истифодаи ашёи хом ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани яхмос, дарки масъулияти ватандорӣ ва ба мардум пешниҳод намудани маҳсулоти ғизоии босифату бехатар тавсия дода шуд, ки дар истеҳсолот асосан маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатари ватанӣ истифода карда шавад.
Мутахассисони соҳа тариқи рӯнамо оид ба истифодаи иловагиҳои кимиёвӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ, талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ», «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии борҷома» ва стандарти байнидавлатии ГОСТ 31457-2012 «Яхмоси ширӣ, қаймоқӣ ва пломбир» пешниҳодҳои муфид манзур карданд.
Ҳамзамон масъулини шуъбаҳои дахлдор фикру мулоҳизоти худро ҷиҳати беҳтар намудани сифати яхмос, истифодаи босамари технологияҳои муосир, риояи ҳолати санитарӣ, истифодаи маҳсулоти хоми ба талабот ҷавобгӯ, тамғагузории маҳсулот тибқи талаботи регламенти техникӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои истеҳсол ва ба фурӯш баровардани яхмос изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон байни соҳибкорон ва мутахассисон оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва истифодаи маҳсулоти хоми истеҳсоли ватанӣ табодули афкор доир шуд.
АКС: Агентии Тоҷикстандарт








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






