Дар Ереван байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои маҷбурии Вазорати адлияи Арманистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

Июль 29, 2023 13:23

ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл дар доираи сафари кории ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои маҷбурии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Арманистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ёддошти тафоҳумро Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва Сардори Хадамоти иҷрои маҷбурии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Арманистон Арсен Мнасаканян ба имзо расониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд, дар доираи сафар мулоқоту музокирот байни роҳбарияти ҳарду хадамот баргузор шуда, дар он масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар самти иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор баррасӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2023 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид