Дар хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб кишти такрорӣ мегузаронанд

Июль 23, 2023 09:43

КӮЛОБ, 23.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб баъди ҷамъоварии ҳосили аввал муташаккилона кишти такрорӣ ҷараён дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар ҷамоати мазкур як Кооперативи тиҷоратӣ ва 41 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро пурсамар истифода мебаранд.

Аҳли заҳмат соли равон аз кишти ғалла, картошка, пиёзи барвақтӣ ҳосили хуб ба даст оварда, аз он қаноатманд мебошанд.

Тавре сараграноми Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдураҳим Толибов иброз намуд, «дар заминҳои Кооперативи Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб дар майдони 460 гектар кишти ғалладона гузаронидем. Ҳосили зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ намуда, ба охир расондем, ки ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосилро ташкил медиҳад. Ҳосили пиёзу картошкаи ҷамъоварӣ намудаамон ба ҳисоби миёна 250-сентнериро ташкил медиҳад. То ҳоло дар майдони 400 гектар  кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Мо барои хӯроки чорво чуворимаккаю силос ва дар 4 гектар шолӣ ва зироати лӯбиёгӣ кишт мекунем».

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракӣ 2295 гектар замини кишт мавҷуд аст, ки аз ин 2025 гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Инчунин дар майдони 935 гектар чигит кишт шудааст, ки  айни ҳол нашъу намои хуб доранд. Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан хоҷагии тухмипарвар буда, дар ин ҷо аз навъҳои тухмиҳои серҳосили ватанӣ вобаста ба иқлими маҳал истифода мебаранд.

«Дар майдони 850 гектар кишти пахта гузаронидем, ки ҳоло  коркарди байни қаторҳо гузаронида шуда, озуқаи якуму дуюм пурра дода шудааст. Нашъунамои пахта хеле хуб ба роҳ монда шуда, навъҳои маҳалии пахтаи навъи «Сорбон», «Ирам» ва «Перла-с» кишт  шудааст»,-гуфт  Абдураҳим Толибов.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2023 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст