Дар Хоруғ барои муҳоҷирони экологӣ паноҳгоҳи муваққатии мутобиқ ба талаботи муосир бунёд мегардад

Июль 8, 2023 08:48

ХОРУҒ, 08.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Шарифобод барои муҳоҷирони экологӣ қароргоҳи муваққатӣ бунёд мекунад. Ҳоло бинокорон 80 фисади корҳои сохтмониро ба анҷом расондаанд.  Пас аз якуним моҳ паноҳгоҳи мазкур ба истифода дода мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои осебпазир, ки дар кӯҳдоманҳо иқомат мекунанд,  изҳор дошт, ки «шаҳри моро аз чаҳор тараф кӯҳҳои сарбафалак иҳота кардаанд ва агар аз як сӯ ин кӯҳҳои бовиқор дар бисёр маврид сокинонро аз ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла шамолу тундбодҳои шадид ва ҳатто зилзила ҳифз менамоянд, аз сӯи дигар бо тағйирёбии босуръати иқлим дар фаслҳои зимистону баҳор селу тарма ва сангрезӣ сокинони зери кӯҳдоманҳоро ҳар лаҳза таҳдид мекунад. Тармае, ки моҳи феврали  соли равон дар шаҳри Хоруғ фаромад ва бар асари он 13 нафар ҳалоку 39 хона вайрон гаштанд, бори дигар моро водор менамояд, ки дар баробари офатҳои табиӣ бояд ҳамеша омода бошем. Бунёди чунин паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои муҳоҷирони экологӣ ва дар мавсими боришот кӯч додани онҳо ба ин маконҳо яке аз тадбирҳои муассир ба мақсади пешгирӣ аз чунин офатҳои табиӣ мебошад».

Иншоот дар ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ сохта шуда, барои 80 нафар муҳоҷирони экологӣ пешбинӣ шудааст. Дар  иншоот дар баробари толори барҳаво, ошхонаи муосир, ҳамчунин ҳуҷраҳо барои модару кӯдаки навзод бо ҷиҳози зарурӣ низ мавҷуд аст.

Иншоот  дар асоси лоиҳаи махсуси «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» бунёд гардида, бинокорон талош меварзанд, ки иншооти мазкурро то даҳаи аввали моҳи сентябр ба истифода супоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2023 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад