Дар Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест – 2023» баргузор мегардад

Июль 6, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали моҳи август дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест- 2023» баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар Форуми «Помиринвест» доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок менамоянд.

Мусоидат ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди соҳибкорӣ, хусусан дар бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо дигар минтақаҳои мамлакат ва давлатҳои ҳамҷавор, татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Бадахшон, истифодаи самараноки имкониятхо ва сарватҳои табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони аз ҳадафҳои асосии Форуми «Помиринвест-2023» маҳсуб меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 6, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард