Дар Хоруғ Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон)» дар шаҳри Хоруғ баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин, аз ҷумла афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ дар вилоят, обҳои шифобахш омили рушд, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул, маконҳои таърихиву фарҳангӣ -муаррифии вилоят, рушди сайёҳии куҳнавардӣ ва шикор, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба баргузории конференсияи мазкур доир гардид, ки масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он баррасӣ гардид.
Тазаккур дода шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.
Мавҷудияти ҷойҳои таърихиву табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир ба рушди сайёҳии минтақа мусоидат менамоянд.
Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти соҳа ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ будани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳои муассир меандешад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






