Дар Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои нақлиётии Тоҷикистон мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.07.2023 /АМИТ«Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони муассисаҳои нақлиётии боркашонию мусофирбарии мамлакат мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла сохтмону нигоҳдории роҳҳо ва сифати боркашонию мусофирбарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, дар мулоқот роҳбарону фаъолони муассисаҳои нақлиётии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад дар баробари ибрози дастовардҳои соҳа, ҳамчунин норасоиву камбудиҳо дар фаъолияти муассисаҳои нақлиётии мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии онҳо дар муҳлати кутоҳ супориш дода шуд.
Дар мулоқот Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ аз ҷараёни корҳо ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ислоҳоти соҳа ба таври қатъӣ бо барномаҳои таҳияшуда мувофиқат мекунад.
Бояд гуфт, ки мулоқоти Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ бо роҳбарону фаъолони муассисаҳои нақлиёти автомобилии мамлакат дар ду соли охир пайваста баргузор мегардад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






