Дар Ироқ 377 ҳолати табларзаи геморрагӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали сол то имрӯз дар Ироқ 377 ҳолати гирифтори табларзаи вирусии геморрагӣ (VHF) ба қайд гирифта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи чоршанбе Вазири тандурустии Ироқ Солеҳ ал — Ҳаснавӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки 14 дарсади гирифторон, яъне 53 нафар фавтидаанд. Моҳи май 119 ҳолати беморӣ ба қайд гирифта шуда, 18 нафар мубталоён ба ҳалокат расидаанд.
Табларзаи вирусии геморрагӣ гурӯҳи бемориҳоест, ки вирусҳои гуногун ба вуҷуд меоранд, аз ҷумла вируси Эбола, ки ба якчанд системаи узвҳо таъсир мерасонад ва метавонад боиси табларза ва хунравӣ гардад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






