Дар Истаравшан ва Конибодом ҳайати Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо сокинон мулоқот намуд

Июль 12, 2023 16:46

ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 10 июл корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар намуданд. 11 июл як гурўҳи занону духтарони ҳайати корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳри Истаравшан омада, бо сокинон мулоқот намуданд. Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то 15 июл идома хоҳад ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истаравшан роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро перомуни таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарони тоҷик баён намуда, таъкид карданд, ки мо бояд ба қадри зиндагии орому осудаи Ватан бирасем ва ҳар яки мо бо меҳнати содиқонаю софдилона саҳми худро дар пешрафти сарзамини аҷдодӣ гузорем.

Гуфта шуд, ки дар таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа мо, занон –модарон нақши шоиста гузошта метавонем, зеро тарбияи насли наврасро ба уҳда дорем. Мо бояд аз хурсолӣ дар замири фарзандон ростиву накукорӣ, дўст доштани Ватан ва хизмати содиқона кардан ба онро талқин созем.

Сипас ҳайати корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз Муассисаи давлатии таърихии «Қалъаи муғ»-и шаҳри Истаравшан дидан намуданд.

Инчунин ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурўҳи дигари ҳайати корвони мазкур ба шаҳри Конибодом сафар намуда, оид ба пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат суҳбату вохӯриҳо доир карданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба роҳ монда шуда, сафари занону бонувон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 12, 2023 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад