Дар Италия дар робита ба сӯхтор ва тӯфон вазъияти фавқулода эълон менамоянд

Июль 27, 2023 15:23

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Италия ният дорад, ки дар чаҳор минтақаи кишвар — Ломбардияҳои шимолӣ, Венето, Фриули-Венетсия-Ҷулиа, ки ба тӯфонҳои шадид дучор омадаанд ва дар ҷазираи ҷанубии Ситсилия, ки онро оташ иҳота намудааст, вазъияти фавқулода эълон намояд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба рӯзномаи Corriere della sera.

Гуфта мешавад, ки мақомоти вилоят то ҳол ҳаҷми хисороти аз ҳодисаҳои шадиди иқлимӣ расидаро ҳисоб накардаанд. Танҳо дар Милан ва атрофи он, ки бар асари тӯфонҳо ду кас ҳалок шуда,  ба биноҳо зарари зиёд расидааст, хисорот беш аз 40 миллион евро арзёбӣ мешавад. Жолаи калон дар Фриули Венетсия-Джулия 70 фоизи ҳосилро нобуд намуд. Тибқи ҳисобҳои аввал, зарари ба хоҷагиҳои маҳаллӣ расида ба 150 миллион евро мерасад. Дар Ситсилия бар асари сӯхтори ҷангал се нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо гектар майдон нобуд шудааст.

Марказ ва ҷануби Италия ҳафтаи дуюм аст, ки дар чанголи ду тӯфони африқоӣ қарор доранд ва ин сабаби то 40 дараҷа гарм шудани ҳарорат гардидааст. Дар ҷазираҳо, алалхусус дар Ситсилия сутунчаи ҳароратсанҷ рӯзона то 46 дараҷа боло меравад. Ин ҳолат сабаби сӯхторҳои зиёд гардид. Дар баробари ин дар вилоятҳои шимолӣ бархӯрди ҳавои гарм бо ҳавои хунук боиси ба амал омадани раъду барқи сахт гардид, ки ба он оташак,  жолаи калон ва шамол бо шиддати то 100 км/соат ҳамроҳ мебошанд. Коршиносон ишора менамоянд, ки ин падидаҳои табиӣ бо тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд ва эҳтимол шиддат гиранд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 27, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст