Дар Канада аллакай чор нафар сӯхторнишонон дар мубориза бо сӯхтори ҷангал ҳалок шуданд

Июль 31, 2023 16:05

ДУШАНБЕ, 31.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе марги боз як сӯхторнишоне, ки дар музофоти Колумбияи Британиягии Канада   бо сӯхтори ҷангал мубориза мебурд, тасдиқ шуд. Ӯ чаҳорумин сӯхторнишоне гардид, ки пас аз оғози мавсими рекордии хатарноки сӯхтор дар кишвар дар соли равон ҳалок мешавад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.

Маркази байниидоравии Канада оид ба мубориза бо сӯхтори ҷангалҳо рӯзи шанбе хабар дод, ки дар саросари кишвар 1006 сӯхтори ҷангали фаъол ба қайд гирифта шуда, шумораи аз назорат берунмондаи сӯхторҳои ҷангал 623  ҳолатро ташкил медиҳад. Имсол шумораи сӯхторҳои ҷангал дар кишвар ба 4911-то расида, тақрибан 123 ҳазор километри мураббаъро фаро гирифтааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 31, 2023 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст