Дар конфронси байналмилалии Душанбе дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди ҳисорӣ баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» Конфронси дуюми байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Конфронси байналмилалӣ бо иштироки олимону мутахассисони ватанию хориҷии соҳа, хоҷагиҳои зотпарварии бахши давлативу хусусӣ ва гӯсфандпарварон баргузор мешавад.
Конфронс 29 июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб идома меёбад.
Дар ҷараёни намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ беҳтарин зотпарварон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






