Дар корхонаи кимиёвии музофоти Тсзянсии Чин таркиш ба амал омад

Июль 1, 2023 12:12

ДУШАНБЕ, 01.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар корхонаи кимиёвии музофоти Тсзянсии Чин таркиш ба амал омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».

Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи музофот изҳор доштанд, ки кормандони корхонаи кимиёвӣ дар шаҳристони Гуйсии музофоти Тсзянсми ҷанубу шарқи Чин, ки дар он рӯзи шанбе таркиш рух дод, пурра ба ҷойи бе хавф бурда шуда, касе ҷароҳат набардоштааст.

Гуфта шуд, ки рӯзи шанбе тақрибан соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ ба маркази фармондеҳии хадамоти оташнишонӣ ва наҷотдиҳии шаҳристони Гуйси хабар расид, ки дар корхонаи ширкати «Jiangxi Qiantai New Materials» равғани силикон оташ гирифта, боиси сӯхтори бузург шудааст.

«Тамоми кормандони корхона ва корхонаҳои атроф ба ҷойи бе хавф кӯчонида шуданд, айни замон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд», — омадааст дар иттилоияи Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи музофот.

Оташнишинон мубориза бо сӯхторро идома медиҳанд ва хадамоти садамавию ҳифзи ҳуқуқ низ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Июль 1, 2023 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад