Дар маркази шаҳраки Ҳисор хати нави оби нӯшокӣ насб гардид
ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор хати нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки сокинони беш аз 2000-нафараи маҳаллаҳои Боқӣ Раҳимзода, Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор, ки дар 400 хоҷагӣ муттаҳид шудаанд, муддати зиёд аз норасоии об танқисӣ мекашиданд. Баъзан биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рӯзҳову ҳафтаҳо аз сабаби нокифоя будани фишори зарурӣ дар хатҳои об ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд ва ин мушкилӣ боиси шикояти рӯзафзуни сокинони маҳаллаҳои номбурда ба мақомот ва идораҳои дахлдор гардида буд.
“Бо ташаббуси шаҳрдорӣ барои кашидани хати оби нӯшокӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 75 ҳазор сомонӣ ва минтақаи истеҳсолӣ, техникии обтқсимкунӣ ва канализатсия дар шаҳр 30 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ ҷудо намуда, дар муддати кӯтоҳ корҳои насбу васли таҷҳизот ва қубурҳоро ба анҷом расониданд”,- иброз дошт сардори идораи обу канализатсияи шаҳр Аъзам Гиёзода.
Собиқадори меҳнат Ҳабибулло Ҳусейнов бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати пойдор ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми шаҳрдорӣ бо хушнуди истиқбол намуда, миннатдории сокини шаҳракро иброз дошт.
Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айнӣ Сафоат Пармонова ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои мумфарш намудани роҳи муассиса, ки ба наздикӣ анҷом ёфт ва насби хати оби нӯшокӣ ба маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода, ки муассиса дар ҳудуди он ҷойгир аст, аз номи ҳайати омӯзгорони муассиса арзи сипос намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






