Дар назди як зумра муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода синфхонаҳои иловагӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода рафти тадбирҳои бунёдкорӣ ва ободонию созандагӣ, аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар кӯдакистони деҳаи Даҳбед, синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №37, №35, №89, №103-и, №34-и деҳаҳои Маданият, Имоми Аъзам, Чуянчии Обӣ, Зарнисор ва Зарнисор-1 ва Маркази саломатии деҳавии «Чинор» вусъат дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки сохтмони иншооти нав дар ҳудуди шаҳр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иқдомҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша ва маблағгузории шарикони рушд амалӣ гашта, дар назар аст, аксари онҳо то таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти шаҳр сокинони деҳаи Чуянчии Обӣ иброз доштанд, ки барои асфалтпӯш намудани 1,8 км роҳи байнидеҳавӣ то маркази шаҳр иқдом пеш гирифтаанд ва ин ташаббус бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва кумаки техника ва мутахассисони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода» амалӣ мегардад.
Аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Турсунзода барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳруку деҳот супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






