Дар ноҳияи Деваштич маъракаи ғалладаравӣ идома дорад

Июль 23, 2023 14:59

СУҒД, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тирамоҳи соли сипаришуда ва аввали баҳори соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи дурдасти Деваштич дар майдони зиёда аз 28 ҳазору 460 гектар ғалладонагӣ кишт шуд. Имрӯз кишоварзони минтақаи поёни ноҳия дастранҷи хешро тавассути 60 комбайни ғалладарав бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи қоидаҳои пешрафтаи агротехникӣ даравида, дар раванди таъмини бозори истеъмолӣ захираи дусолаи хонаводагиро таъмин намуда истодаанд, хабар доданд ба  мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Деваштич.

«Тирамоҳи соли сипаришуда деҳқонон дар майдони 8 ҳазору 600 гектар ва аввали баҳори соли равон дар майдони зиёда аз 20 ҳазор гектар тухмиҳои элитӣ ва репродуксияҳои якуми ҷаву гандум ва дигар ғалладонагиро кишту парвариш намуданд. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раёсати кишоварзӣ имрӯз ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҷаву гандум ва доир намудани кишти такрории дигар намуди зироат нақшаи чорабинии мушаххас тартиб дода шуда, аз комбайнҳо ва дигар таҷҳизоту воситаҳои ҷамъоварандаю тойбанд ва техникаҳои боркашон пурсамар истифода намуда истодаанд,- иброз дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия М.Мирзоев.

Маъракаи ғалладаравӣ дар Ҷамоати деҳоти “Яхтан” ба охир расида, деҳқонони Ҷамоати деҳоти “Ғазантарак” ва ҷамоати шаҳраки “Ғончӣ” онро ба итмом расониданд.

Ҳамарӯза дар ғаллазори хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич 60-64 комбайни ғалладарав фаъол буда, майдони 1800-2000 гектарро бо сифати баланд дарав менамоянд. Ҳосилнокии майдонҳо ба ҳисоби миёна 22 сентнерро ташкил дода, дар заминҳои обии минтақаи И.Сомонӣ, Ваҳдат, Далёни Боло аз 70 то 80 сентрро ташкил медиҳад.

“Имрӯзҳо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ ва коргарону иҷоракорони кооперативҳои истеҳсолию тиҷоратӣ бо мақсади ҳарчӣ тезтар анҷом додани маъракаи дарав коҳу пахоли майдонҳоро ҷамъоварию той баста, тавассути  нақлиёти боркаш ва ядакҳои тракторӣ дар анборҳо захира месозанд,- илова намуд М.Мирзоев.

Ғаллакорон ҷиҳати пешгирии сӯхтори ногаҳонӣ ва бунёди хатҳои муҳофизатӣ дар атрофи ғаллазор кишти зироати техникиву сабзавотро ба роҳ мондаанд. Туфайли ташкили шароити муътадили корӣ то ин вақт дар ноҳия зиёда аз 18 ҳазор гектар бо сифати баланд дарав гардида, ҳосилнокии майдонҳо ба ҳисоби миёна аз 22 то 45 сентнерро ташкил медиҳад.

Акс:  Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

 

Июль 23, 2023 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард