Дар ноҳияи Рӯдакӣ Маркази саломатӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Июль 10, 2023 09:00

РӮДАКӢ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Маркази саломатии Чоргултеппа аз ҷониби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ навсозӣ гардида, бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти замонавӣ таъмин мешавад. Маркази саломатии мазкур дорои 20 ҳуҷраи табобатӣ буда, дар он 5 нафар табибони соҳибтаҷриба ба аҳолии ин ҷамоат хизмати аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Ҳамчунин майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Валиҷон Одинаев бо харҷи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ сохта шуда, ба истифода дода шуд.

Айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони 6 адад бунгоҳҳои тиббии деҳот идома дорад. Инчунин бо дастгирии лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 10 Маркази саломатии деҳот бо таъмири пурра фаро гирифта мешавад.

Тибқи нақша, соли 2023 корҳои сохтмонии 2 адад марказҳои саломатӣ ба анҷом расида, пас аз таъмири пурра бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда мешаванд.

АКС: аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Июль 10, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд