Дар Ню-Йорк бар асари бархӯрди ду автобус беш аз 80 нафар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ню-Йорк беш аз 80 нафар бар асари бархӯрди ду автобус захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад дар ин хусус шабакаи телевизионии АВС бо истинод ба хадамоти оташнишонӣ хабар додааст.
Ҳодиса дар ноҳияи Манхэттен тақрибан соати 7-и шаб, замоне ки автобуси дуқабатаи сайёҳӣ ба автобуси шабакавии нақлиёти шаҳрӣ бармехурад, рух додааст.
Дар замони бархӯрд ҳарду астобус пур аз мусофирон будаанд. Дар натиҷа 81 нафар захмӣ шуда, 18 тани дигар ба беморхона интиқол дода шуданд, инчунин ба 63 нафар зарардида дар макони ҳодиса ёрии тиббӣ расонида шуд.
Шоҳидони ҳодиса иттилоъ медиҳанд, ки бархӯрд бо айби ронандаи автобуси сайёҳӣ, ки чароғаки сурхро гузаштааст, ба амал омадааст.
АКС: РИА «Новости»








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






