Дар Роштқалъа хонаҳои нави истиқоматии сокинон мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони аз офати табиӣ зарардида калиди хонаҳои навсохт супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2022 бар асари фуромадани тарма дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа хонаҳои сокинони деҳа Зарриншо ва Ноёбшо Кабировҳо пурра хароб гардиданд.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯчондани оилаҳои зарардида ҷойи сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ муайян гардида, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Роштқалъа моҳи марти соли 2022 сохтмони хонаҳо оғоз гардид. Моҳи июли соли 2023 бо анҷом ёфтани сохтмон сокинон соҳиби хона гардиданд.
Масоҳати умумии ҳар як хона 182 метри квадратиро ташкил дода, дар он баробари дигар утоқҳои маишӣ ҳамчунин хонаи миллии бадахшонӣ бунёд гардид.
Тавре яке аз сокинони деҳа, собиқадори меҳнат Давлатшо Ҷумъахонов иброз дошт, «хонаҳои истиқоматии бунёдшуда на танҳо дар деҳаи мазкур, балки дар тамоми ноҳия намунавӣ буда, барои зиндагӣ хеле мувофиқ ва дорои ҳамаи шароит мебошанд».
Бояд гуфт, ки ба кори сохтмони хонаҳо 18 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб ва бо маоши хуб таъмин гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






