Дар Роштқалъа роҳи муваққатӣ боз гардида, аз ду ҷониб корҳои ҳамворкунӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар натиҷаи фаромадани сели такрорӣ маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, боиси зери об мондани 700 метр роҳи сатҳи ҷумҳуриявӣ гардид. Бо мақсади сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва кушодани роҳ ҳайати гурӯҳи корӣ ба деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа рафта, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ аз наздик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Баъд аз боздиди гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои барқарорсозии роҳи мазкур, барои бунёди роҳи мошингард тавассути доманаи кӯҳҳои мушкилгузар ба масъулин дастур дода шуд, ки дар кутоҳтарин фурсат роҳи сатҳи ҷумҳуриявиро боз намуда, ҳаракати нақлиётро дар ин ҷода таъмин намоянд. Давоми ду шабонарӯзи охир роҳсозон бо истифода аз техникаи роҳсозӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ накарда, роҳи муваққатиро боз карда, аз ду ҷониб ба корҳои тахту ҳамворкунӣ машғул мебошанд.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои роҳсозӣ, масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилоят, ноҳия, инчунин кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз» шабонарӯзӣ дар ин масир фаъолият менамоянд. Барои бо муваффақият анҷом додани корҳои роҳсозӣ дар ин самт 11 техника кор карда истодааст.
Ба масъулини роҳсозӣ ва аъзои комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар кушодани роҳи мазкур аз ҷониби роҳбарияти вилоят дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд






