Дар «Сафеддара» аввалин Мактаби тобистонаи таълимии ҳуқуқи инсон барои ҷавонон ташкил шуд

Июль 9, 2023 15:59

ДУШАНБЕ, 09.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 июл дар Маҷмааи «Сафеддара» аввалин Мактаби тобистонаи таълимии ҳуқуқи инсон барои ҷавонон фаъолият намуд. Он бо мусоидати Дафрати Барномаҳои Созмони амният ва ҳамкори Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон  дар асоси «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 декабри соли 2021 қабул гардидааст, роҳандозӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Мактаби тобистона намояндагони ҷавонони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Барои ҷавонон дар доираи Мактаб аз 6 то 8 июл оид ба асосҳои ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон тасдиқ намудааст, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, нақшаҳои миллии амал оид ба иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, муқаррароти қонунгузорӣ барои ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои шиносоии бештари ҷавонон ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон як қатор маводҳои омӯзишӣ, аз ҷумла нашри сеюми Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсонро таҳия ва нашр карда, барои иштирокчиён дастрас намуд.

Иқдоми мазкур зимни татбиқи “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” идома дода шуда, марҳила ба марҳила намояндагони ҷавони дигар муассисаҳои олии таълимӣ ба он фаро гирифта мешаванд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2023 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад