Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияҳои Панҷу Спитамен доир шуд

Июль 11, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт баргузории намоиш-фурӯши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд. Аз ҷумла чунин иқдом дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе доир шуда, дар он кишоварзону ҳунармандони ноҳияи Панҷ маҳсули дастранҷи худро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар намоиш-фурўш молу маҳсулот бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод шуда, имкон фароҳам овард, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз он баҳравар гарданд.

Чунин чорабинӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе низ доир шуда, дар он аҳли заҳмати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд маҳсули дасти худро пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд.

Дар намоиш-фурўши мазкур маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ин минтақа пешкаш гардида, ҳамзамон санъаткорони ноҳияи Спитамен барномаҳои фарҳангиву фароғатии ҷолибро баҳри сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, кишоварзони ноҳияи Спитамен ҳамасола наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро парвариш менамоянд, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, дар ноҳия 1600 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, дар онҳо сол то сол майдони кишту парвариши зироатро зиёд мекунанд.


Дар баробари ин ҳунармандони ноҳия низ дар намоиш –фурўш фаъолона иштирок дошта, маҳсули дасти худро пешкаши ҳозирин гардониданд. Аз ҷумла, сокинони ноҳия, махсусан занони ҳунарманди он дар гӯшаҳои алоҳида намунаи ҳунарҳои дастӣ, рассомӣ, нону хӯрокҳои миллӣ ва ғайраро намоиш доданд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, иқдоми хубу саривақтӣ баҳри фароғату истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 11, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд