Дар шаҳри Турсунзода 4781 кг маҳсулоти хӯроквории ба саломатии инсон зарарнок нобуд гардид

Июль 29, 2023 16:59

ТУРСУНЗОДА, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода дар шаш моҳи соли равон 191 ҳолати  ташхиси маҳсулоти гуногунро гузарониданд, ки 18 ҳолати ғайристандартии маҳсулот ошкор гардид. Дар ин муддат ду тоннаю 594 кг маҳсулоти нонии хӯрокворӣ, 626 литр нӯшокиҳои спиртию ташнагишикан ва 498 дона лампаҳои тафсону дигар намуди маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набударо дар ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд намуданд.

Дар ин бора мудири шуъбаи нозироти савдои Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода  Собирҷон Бобохонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Ҳамчунин мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки дар шашмоҳаи соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода зиёда аз 2187 кг маҳсулоти қаннодӣ, ширӣ, обҳои ташнагишикан, намаки ошӣ, ки маблағи умумии 58 ҳазору 443 сомониро ташкил медод, аз сабаби пастсифат будан ва гузаштани муҳлати истифодаашон, ки ба саломатии инсон зарар доштанд, аз муомилот гирифта, нобуд гардиданд.

Мутахассисони марказҳои мазкур мунтазам бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, сари вақт аз муомилот гирифтани маҳсулоти муҳлаташон гузашта ва ҳифзи саломатии сокинони ҷумҳурӣ дар байни истеъмолкунандагон ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

АКС: Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода

Июль 29, 2023 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд