Дар шаҳри Турсунзода оид ба гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамоиш баргузор гардид

Июль 19, 2023 08:46

ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр таҳти унвони «Гузариш ба ҳисоббаробаркунии  ғайринақдӣ- омили рушди иқтисоди миллӣ» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарони филиали бонкҳо дар шаҳри Турсунзода  ва муҳосибони ташкилоти буҷетӣ иштирок намуда, бо муҳтаво ва талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» шинос гардиданд.

Таъкид шуд, ки беҳтар намудани низоми бонкии мамлакат яке аз масъалаҳои муҳимтарине аст, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд. Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ дастур дода шудааст, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.

Дар робита ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти мамлакат ва тадбирҳои андешида дар ин самт роҳбарияти филиали «Амонатбонк» бо истифода аз навор ва слайдҳо ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон аз ҷониби  кормандони филиал ба иштирокчиён кортҳои пластикии ройгон пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба аҳолии мамлакат имконият медиҳад, ки ҳарчӣ бештар ба хизматрасонии пардохтӣ дастрасӣ пайдо намуда, бе рафтан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо роҳи осон ва босуръат пардохти молу хизматрасониро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд ва вақти худро сарфа намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 19, 2023 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид