Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи маъюбон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи маъюбони Тоҷикистон Мусобиқаи кушод оид ба тенниси рӯӣ миз ва дастхобонӣ байни варзишгарони маъюб баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур хабар доданд.
Дар чорабинии варзишӣ, наврасону ҷавонон ва инчунин бонувону варзишгарони дорои маъюбият иштирок карда, бо ҳам рақобати дӯстона намуданд.
Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин қишри ҷомеъа ёдовар гардида, иброз доштанд, ки онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти мамлакат қарор дода мешаванд.
Дар охир баҳри ҳавасмандгардонии онҳо медалу туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдат ва ғолибону фаъолони мусобиқа тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабиниҳои варзишӣ, ғолибон ва фаъолон мусобиқа бо дипломҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат ва медалу туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






