Дар Шаҳринав оид ба Нақшаи амалисозии Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ҷаласа доир шуд

Июль 16, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шашмоҳаи гурӯҳи корӣ оид ба Нақшаи амалисозии «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир гардид, ки дар он  намояндагони Прокуратура, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, намояндагони сохтор ва зерсохторҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо, фаъолону раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷавонон, бахши дин иштирок доштанд.

Дар ҷаласа дар бораи Нақшаи амалишавии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ҳисоботи муфассал пешниҳод гардид.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Июль 16, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд