Дар шаш моҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Суғд ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати якуми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 4 миллиарду 201,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,0 фоиз таъмин гардидааст. Ин нукта 14 июл дар ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд таҳти раёсати роҳбарияти вилоят бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳи соли равон иброз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, тибқи сохтори кишти тасдиқгардида, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 280 315,1 гектар зироат кишт шудааст.
Ҳамзамон дар ҷаласа вобаста ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, занону кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ низ маълумот ироа гардид.
Роҳбарияти вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои таъмини рушди соҳаи саноат ва истифодаи имконияту иқтидори мавҷуда, зиёд намудани коркарди меваю сабзавот, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва захираи маводи сӯхт барои соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ ва маориф, таъмини соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои ҷавон, рушди сайёҳӣ, дар муҳлати муқарраршуда гузаронидани кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятсодиркунӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат барои бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовори он дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






