Дар Суғд бо сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Русия мулоқот доир шуд

Июль 25, 2023 19:32

ДУШАНБЕ, 25.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон гардиши молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва минтақаҳои Русия 275 миллион долларро ташкил дода, ба вилояти Суғд чӯбу тахта, равған, нафту маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст. Аз вилояти Суғд меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, нӯшокиҳо, полезиҳо, чормағз, чарм, пахта содирот гардидааст. Дар ин хусус зимни мулоқоти

роҳбарияти  вилояти Суғд бо сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва иқтисодии ду мамлакат, ки натиҷаи сиёсати пешгирифтаи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки соли 2022 ва дар шашмоҳаи якуми соли 223 байни вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Русия беш аз 100 ёддошт ва шартномаҳои ҳамкорӣ имзо гардида, ҷонибҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо ҳамкории хуб ба роҳ мондаанд.

Иштироки васеи намояндагони Федератсияи Русия дар Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» ва иштироки намояндагони вилояти Суғд дар​ Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023» ба тақвияти ҳамкории дуҷонибаи соҳибкорони тоҷику рус мусоидат намуда, барои тақвияти равобити иқтисодӣ корҳо идома доранд.

Сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Русия баён дошт, ки сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия имкон медиҳад, ки ​ соҳибкорону сармоягузорони ду давлат ҳамчун шарикони стратегӣ муносибатҳои худро боз ҳам густариш диҳанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 25, 2023 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард