Дар Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин гузаронида мешавад

Июль 4, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзӯи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бахшида ба қабул шудани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», инчунин ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ гузаронида мешавад.

Тибқи  низомнома, озмун дар як давр, аз 1 сентябри соли 2023 то 1 майи соли 2024 баргузор шуда, 1 июни соли 2024 дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва Рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад.

Талабот дар озмун ва шартҳои баргузории он аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма интишор карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 4, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд