Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18 430 нафар ва синни миёнаи онҳо 37 солро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов 27 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар мансабҳои роҳбарикунанда шумораи ҷавонони то 35-сола 1628 нафар ё 27,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи директори агентӣ, теъдоди занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4556 нафар ё 24,7 фоизро ташкил дода, дар як вақт дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари онҳо ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






