Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ тавассути роҳи оҳан беш аз 3,2 миллион тонна бор ва 215,2 ҳазор мусофирон интиқол ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ дар самти боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30 то 80 фоиз ва дар самти мусофирбарии байналмилалӣ дар мавриди хариди пешакии чиптаҳо вобаста ба муҳлатҳо аз 35 то 45 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон дар қатораи мусофирбари дохилии Душанбе — Кӯлоб нархи роҳкиро бо 60 фоиз сабукӣ муқаррар гардид.
Бояд тазаккур дод, ки нақши нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, 70 фоизи интиқоли борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд. Аз ин, рӯ дар шаш моҳи соли равон тавассути роҳи оҳан беш аз 3,2 миллион тонна бор ва 215,2 ҳазор нафар мусофирон интиқол дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 16,6 фоиз зиёд ва мусофирбарӣ 100 фоизро ташкил намуд.
Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ 83,9 фоиз воридот, 16,0 фоиз содирот ва 4,2 фоизро боркашонии дохилӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин содирот 515,5 ҳазор тонна, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 39 ҳазору 230 тонна, воридот 2690,7 ҳазор тонна ва боркашонии маҳаллӣ 137,3 ҳазор тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот 75,3 фоиз, воридот 130,4 фоиз ва боркашонии маҳаллӣ 100,7 фоизро ташкил дод, ки ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 2175,2 ҳазор тонна ё 5,2 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади рушди соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 54 вагон, аз ҷумла 51 вагони боркаш ва 3 вагони мусофирбар аз таъмири асосӣ ва 214 вагон -208 боркаш ва 6 мусофирбар аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуда, ба маблағи беш аз 3,3 миллион сомонӣ корҳои таъмири хати роҳ иҷро шудаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






