Дар Тоҷикистон то охири сол истифодабарандагони алоқаи мобилӣ пурра ба системаи 5G мегузаранд

Июль 28, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири сол ба таври пурра ба системаи  5G гузаштани истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар назар аст. Дар ин хусус  имрӯз муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

 «Иҷозатномаи 5G ба тамоми ширкатҳои алоқаи мобилӣ дода шуда, ҳоло ин система ба тарзи озмоишӣ кор карда истодааст. Воситаҳои техникии мобилӣ низ ворид шудаанд ва то охири сол истгоҳҳои базавии ин система пурра  фаъол мегарданд»,-тазаккур дод Илҳомҷон Атоев.

Аз ҷониби Хадамоти алоқа баҳри иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати интернет дар шаш моҳи соли равон корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар мавриди баланд бардоштани сатҳу сифати интернет дар мамлакат иброз гардид, ки то имрӯз тибқи нақша аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 443 истгоҳи базавӣ бо дараҷаи насли 3G ва 4G васл шуданд.  Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилӣ ба воситаи тарофабандӣ нархи интернет то 15 фоиз коҳиш ёфтааст.

Инчунин баён гардид, ки мутобиқи баҳисобгирӣ дар ҷумҳурӣ 212 адад истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ (ВРЭ) ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз миқдори  умумии истифодабарандагони воситаҳои радиоэлектронӣ 162 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 34-то ба вилояти Суғд, 11-то ба вилояти Хатлон ва 5 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Микдори умумии воситаҳои радиоэлектронӣ 8364 ададро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии воситаҳои радиоэлектронии мавҷуда ба шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11074 адад, вилояти Суғд- 8132, вилояти Хатлон- 7395 ва Бадахшон 1763 адад рост меояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 28, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард