Дар Вазорати молияи Тоҷикистон созишномаҳо оид ба баланд бардоштани сифати шароити таълимдиҳӣ ва иҷтимоӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 июни соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳадафи асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сифати шароити таълимдиҳӣ ва муҳити таълим дар мактабҳои алоҳидаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 38,1 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, пурра маблағҳои грантӣ мебошад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2029 дар назар аст.
Ҳамзамон баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи грантӣ (лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон) доир гардид.
Ҳадафи лоиҳа ин дастгирии грантгиранда ҷиҳати ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз зарбаҳо, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва беҳтар намудани шабакаҳои амнияти иҷтимоӣ мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 37,5 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 35,0 млн доллари он аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,5 млн доллари он аз ҳисоби гранти Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон маблағгузорӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






