Дар вилояти Хатлон барои рушди соҳаи тухмипарварӣ беш аз 110 миллион сомонӣ равона гардид

Июль 1, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2021-2025 то имрӯз дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 2 миллиону 264 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ 108 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон 37 хоҷагӣ дар самти омода намудани пахтаи тухмӣ ва ғалла фаъолият менамоянд.

Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2021-2025 барномаи амали миёнамуҳлат буда, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз навъҳои парваришёбанда, ҳамчунин маводи тухмӣ ва шинонидашаванда татбиқ мегардад.

Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Зиёд намудани майдони кишти тухмипарварии ибтидоии зироати кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои сертификатсияшуда дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба афзун намудани ҳосилнокӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли зироати кишоварзӣ мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 1, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид