Дар вилояти Хатлон масъалаи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон баррасӣ гардид

Июль 6, 2023 18:41

ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон масъалаи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баррасӣ гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Раиси вилоят  Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз даъвати баҳории имсола аз баъзе камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки корҳои тарғиботию оммафаҳмонӣ дар даъвати тирамоҳии имсола дуруст ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон раиси вилоят иброз намуд, ки нақшаи чорабиниҳои муассир таҳия намуда, ҷиҳати саривақт иҷро намудани даъвати тирамоҳии ҷавонон раисони шаҳру ноҳияҳо, раёстҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф, кор бо занон ва оила, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохтору мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа тарғибу ташвиқ намуда, тариқи васоити ахбори омма инъикос намоянд.

Сипас, раиси вилоят ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати барномаҳо ва супоришҳои қаблии Ҳукумати мамлакат ба масъулини  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастурҳо дод.

Супоришҳои дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои давлатӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 6, 2023 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад