Дар як шабонарӯз дар Юнон беш аз 45 сӯхтори ҷангал ба амал омадааст

Июль 18, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тайи шабонарӯзи охир дар Юнон бар асари гармӣ ва шамоли сахт 46 сӯхтори ҷангал рух додааст, хабар медиҳад «Казинформ» бо истинод ба «Анадолу».

Дар баёнияи Хадамоти сӯхторнишонии Юнон гуфта шудааст, ки бисёр минтақаҳои кишварро аз хатари баланди сӯхтори рӯзҳои наздик дар ҷангал огоҳ намуда буданд.

Дар баёния омадааст, ки шароити обу ҳаво дар минтақаи Аттика, ки пойтахти давлат-Афина низ ба он дохил мешавад, хатари сӯхтори ҷангалҳоро афзоиш додааст.

Авҷи гармо дар кишвар 20 июл дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 сӯхторҳои бесобиқа дар Юнон ҳазорон гектар ҷангалро ба хок яксон намуданд. Тибқи гузориши EFFIS, ки соли 2021 ҳангоми сӯхторҳои ҷангал нашр шудааст, сӯхторҳое, ки дар Юнон ба амал омаданд, 90% тамоми заминҳоро нобуд намудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 18, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад