Дар яке аз деҳаҳои Миср бемории номаълум хурӯҷ намудааст
ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Расонаҳои мисрӣ аз бемории номаълум дар байни сокинони рустои Ал — Аликати музофоти Кена хабар медиҳанд. Вазорати тандурустии ин кишвар эълон кардааст, ки барои гирифтани намуна аз нуқтаҳои беморӣ ва муҳити зист ба ин макон гурӯҳҳои пизишкӣ фиристодааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ додааст.
Шабакаи Cairo24 ва якчанд расонаҳои дигари мисрӣ қаблан навишта буданд, ки дар деҳаи Ал — Аликат тақрибан 200 нафар ба бемории муаммодоре гирифтор шудаанд, ки дар байни нишонаҳои он ҳарорати баланди бадан, дарди устухон, дарди сар ва хастагии шадид ба назар мерасад. Дар байни ВАО тахминҳо пайдо шуданд, ки ин ҳодиса метавонад хуруҷи вараҷаи Денге бошад.
Тибқи изҳороти вазорат, нишонаҳои беморӣ дар гирифторон бо таби баланд, дарди устухон ва хастагӣ зоҳир мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






