Дар Юнон гармии шадид ба амал омадааст

Июль 14, 2023 18:20

ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнати Юнон корфармоёнро вазифадор намуд, ки нисфирӯзӣ корро қатъ кунанд, кормандонро аз гармӣ муҳофизат намоянд ва шахсонеро, ки мушкилоти саломатӣ доранд, ба кори фосилавӣ гузаронанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.

Тибқи ҳисобҳои Маркази миллии назорати обу ҳаво дар Афина, тақрибан 8,2 миллион шаҳрванд рӯзи панҷшанбе бо ҳарорати аз 37°C боло ва тақрибан 620 ҳазор нафар бо ҳарорати аз 39°C боло рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар ин омор ҳоло ҳазорон нафар сайёҳоне, ки аз тамоми ҷаҳон ба Юнон омадаанд, ба назар гирифта нашудаанд. Аксари онҳо кӯшиш менамоянд, ки субҳи барвақт ба иншооти бостоншиносӣ раванд, то аз ҳарорати баланди нисфирӯзӣ паноҳ баранд.

Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа вазъи ҳаво боз ҳам бадтар шавад. Маркази миллии назорати обу ҳаво дар Афина, Салоники ва Лариса хатари дараҷаи 3-юми ҳарорати шадидро, ки метавонад барои саломатӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, пешгӯӣ мекунад.

Вазорати меҳнати Юнон тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳое, ки хатари фишори гармӣ ниҳоят баланд аст, нисфирӯзӣ кор ҳатман қатъ ва гурӯҳи кормандоне, ки мушкилоти саломатӣ доранд, ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд. Ба корфармоён тавсия дода мешавад, ки барои ҳифзи кормандон аз ҳарорати хеле баланд тадбир андешанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Еuronews

Июль 14, 2023 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад