«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд

Июль 24, 2023 19:50

ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Дар озмуни мазкур роҳбарияти  шаҳри Бӯстон ва фаъолзанони вилояти Суғд иштирок  намуданд.

Иброз дошта шуд, ки тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023  дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» доир мегардад.

Ҳадафи озмуни мазкур- татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дар озмуни мазкур масъулони тарабхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ иштирок намуда, ҳайати ҳакамон ба дастархонҳои ороста баҳо гузоштанд.

Ба ғолибон туҳфаву дипломҳои дараҷавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим шуда, ғолиби ҷойи аввал ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Июль 24, 2023 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад