ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Дар Гулистон хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хизматчиёни давлатӣ навсозӣ мегарданд

Июль 22, 2023 13:46

ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Гулистон таҷдиду навсозии бинои истиқоматӣ барои  кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хизмати давлатӣ  идома  дорад. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

 Бино дорои 20 хонаи зист мебошад. Ин иншоот аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ба навсозӣ фаро гирифта шуда, хонаҳои он дорои як ва ду ҳуҷра мебошанд.

Ногуфта намонад, ки дастгирии мутахассисони ҷавон аз самтҳои калидии сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, марҳила ба марҳила дар минтақаҳо ин табақаи кормандон, ки баҳри пешрафти Ватан фаъолият менамоянд, дастгирӣ мешаванд.

 Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд ба роҳ мондааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим номиданд.

Сарвари давлат  тазаккур доданд, ки  «мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 22, 2023 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд