ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Дар Хатлон 3128 нафар омӯзгори ҷавон аз имтиёзҳо баҳравар гаштаанд

Июль 6, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2007 то инҷониб дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» 2212 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ ва 187 нафар соҳиби замини полезӣ гардида, ба 729 нафар қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки дар умум 3128 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд

Ҳамзамон дар нимсолаи якуми соли равон, дар асоси қарори мазкур ба 60 нафар омӯзгори ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Инчунин ба 64 нафар қарзҳои имтиёзнок додаанд, ки дар самти пешбурди зиндагӣ аз онҳо истифода намудаанд. Яъне, дар умум дар ин давра 124 нафар омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳо бархурдор шудаанд.

Гуфта шуд, ки масъалаи бо истифода аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд намудани омӯзгорони ҷавон дар маркази таваҷҷуҳ дар сатҳи вилояти Хатлон қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд ба роҳ монда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Июль 6, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст