Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо барои хомӯш кардани сӯхтор дар Юнон кумакҳои ҳавоӣ ва заминӣ ҷалб менамоянд

Июль 20, 2023 19:28

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳншавии даҳҳо сӯхтори ҷангал дар саросари Юнон идома дорад. Дар робита ба ин Иттиҳоди Аврупо чаҳор ҳавопаймои сӯхторнишонии «Canadair»-ро аз Фаронса ва Италия дар якҷоягӣ бо се бригадаи оташнишонӣ аз Полша, Руминия ва Словакия мефиристад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад.

Ҳамзамон харитасозии моҳвораии Иттиҳоди Аврупо «Copernicus»  имкон медиҳад, ки хисороти расида дар чанд минтақаи Аттика муайян карда шавад.

Комиссияи Аврупо робитаи зичро бо мақомоти Юнон тавассути Маркази ҳамоҳангсозии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода идома дода,  омода аст дар сурати зарурат кумаки иловагӣ фиристад.

 

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: pxhere.com

Июль 20, 2023 19:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад