Деҳқонони ноҳияи Носири Хусрав бо тоза намудани заҳкашу заҳбурҳо ҳолати мелиоративии заминҳоро беҳтар менамоянд

Июль 25, 2023 11:19

БОХТАР, 25.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Носири Хусрав 605 км шабакаҳои обгузар, 118 км шабакаҳои байни хоҷагӣ ва 477 км шабакаҳои обгузари дохили хоҷагӣ мавҷуд мебошанд. Ҳоло дар деҳаи 30-солагии Истиқлолияти Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» кандан ва тозанамоии заҳкаше, ки қариб ба нестӣ рафта буд, оғоз шудааст. Баъди тоза кардани ин заҳкаш ҳолати мелиоративии зиёда аз 50 гектар замин беҳтар мешавад. Дар ин хусус муовини аввали Раиси ноҳияи Носири Хусрав Ҳокимхон Набизода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод.

Инчунин ҳолати мелиоративии заминҳои наздиҳавлигие, ки ҳамшафати ҳамин заҳкаш мебошанд, хуб гардида, аз онҳо зиёда аз се- чор ҳосил ба даст оварда мешавад. То имрӯз зиёда аз 1 км масоҳати заҳкаш тоза шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки заминҳои корами обии ноҳияи Носири Хусрав ҳосилхез буда, бинобар гармтар будани иқлими минтақа сабзиши тамоми зироату сабзавот барвақттар эҳсос мегардад. Кишоварзон баъди пурра бо оби полезӣ таъмин шудан руҳу илҳоми тоза гирифта, дар истифодаи мақсадноки замин масъулияти бештар зоҳир менамоянд.

Хоҷагидорони Ҷамоати деҳоти Истиқлол ҳар қитъа заминро пурмаҳсул истифода карда, аз он дар як мавсим то се ҳосил ба даст меоранд.

Кишоварзон дар оянда мақсад доранд, ки бо истифода аз шароити мусоид заминҳоеро, ки солиёни зиёд аз гардиши кишоварзӣ бозмондаанд, марҳила ба марҳила ба ҳолати аввала баргардонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд