Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии корҳои илмию инноватсионӣ ғолиб омаданд

Июль 29, 2023 11:49

ДУШАНБЕ, 29.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маротибаи аввал дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон Озмуни байналмилалии корҳои илмию инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он  Донишҷӯёни курси 3-юми факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Таиров ва Маҳноза Кабирова иштирок намуда, ғолиб омаданд.

 Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, донишҷӯёни тоҷик дар номинатсияи «Барои хизматҳо дар соҳаи маориф» бо Шаҳодатнома ва медалу туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ин донишҷӯёнро бо дастоварди навбатияшон самимона табрик намуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни байналмилалӣ яке аз комёбиҳо дар ин самт мебошад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июль 29, 2023 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд