Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон имсол шумораи қабули донишҷӯёнро зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи тандурустӣ вобаста ба нарасидани мутахассисон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон имсол шумораи қабули донишҷӯёнро 500 нафар афзоиш дод. Дар ин хусус 28 июл дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ректори донишгоҳ, агар соли гузашта 1500 донишҷӯ қабул шуда бошад, имсол ин рақам ба 2000 нафар расонида шуд.
«Аз ҷумла, қабули довталабон ба факултетҳои педиатрия зиёд шудааст, зеро дар ҷумҳурӣ духтурони педиатрӣ, инчунин оид ба тибби профилактикӣ намерасанд. Ҳалли мушкилот, аз қабили COVID-19 нишон медиҳад, ки дар ин факултетҳо мутахассисон хеле кам ҳастанд», -гуфт ӯ.
Илова бар ин, барои зиёд кардани номгӯи доруҳое, ки аз гиёҳҳо ва захираҳои маҳаллӣ омода мешаванд, шумораи довталабони факултети дорусозӣ зиёд шудааст.
Дар маҷмуъ, имрӯз шумораи донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ 12 ҳазору 301 нафарро ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 шумораи донишҷӯёни хориҷӣ аз 23 давлати ҷаҳон 1936 нафарро ташкил дод, аз ҷумла 1918 нафар дар марҳилаи омодагӣ, 6 нафар дар марҳилаи илмии баъдидипломӣ ва 12 нафар дар марҳилаи баъдидипломӣ таҳсил менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






