ФАРОҒАТ ДАР «ОРЗУ». Ба ин истироҳатгоҳи тобистона 900 нафар кӯдакону наврасон ҷалб мешаванд

Июль 18, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар басти сеюми Истироҳатгоҳи тобистонаи «Орзу», ки дар минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, 225 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд директори мавсимии истироҳатгоҳи «Орзу» Назрихуҷа Сайдализода иттилоъ дод.

Истироҳатгоҳи «Орзу» бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, кӯдакону наврасон ҳар рӯз дар бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ, барномаҳои фарҳангӣ иштирок ва бо якдигар хурсандӣ менамоянд.

Дар истироҳатгоҳи «Орзу» дар се баст 675 нафар кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат, ятимон ва хонандагони болаёқату ғолибони озмунҳо тариқи ройгон истироҳати бофароғат намуда, дар басти чаҳоруми он низ 225 нафар ба истироҳати тобистона ҷалб мегарданд.
Дар истироҳатгоҳи «Орзу» кӯдакон субҳро соати 6:30 бо машқҳои пагоҳӣ оғоз намуда, пас аз тартиботи пагоҳирӯзӣ соати 7:30 субҳона мехӯранд. Дар ин ҷо бачаҳо ба бозиҳои варзишии шоҳмот, футбол, волейбол ва ғайра машғул мешаванд. Онҳо дар ҳавзи ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ оббозӣ карда, обутоб меёбанд.

Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистонаи соли 2023 аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешавад.

Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ низ аз ҷумлаи чунин маконҳое аст, ки дар давраи истироҳати тобистона дар ин ҷо барои кӯдакону наврасон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Он аз буҷети ноҳияи Фирдавсӣ маблағгузорӣ шуда истодааст ва хонандагони муассисаҳои таълимиро ба корҳои сайёҳиву маърифатӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ ҷалб месозад.

Шароит дар истироҳатгоҳи мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ба истироҳаткунандагон хӯрокҳои серғизо пешниҳод мегарданд ва ба тозагии хобгоҳҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Фаро гирифтани хонандагон ба истироҳати бофароғат дар беҳтарин истироҳатгоҳ метавонад дар пешрафту инкишофи донишу малакаи онҳо саҳми назаррас гузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад